Наврӯзнома ба забони олмонӣ

Март 20, 2015 08:31

Душанбе, 20.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Наврӯз ҳамчун таҷассумгари ягонагии мероси фарҳангӣ ва анъанаҳои ҳазорсола ҷиҳати таҳкими робита миёни халқҳои ҷаҳон, ки асосашро эҳтироми тарафайн ва тимсоли сулҳу амният ва ҳамҷаворӣ ташкил мекунад, нақши бемислу монанд дорад. Ин аст, ки СММ дар Қатъномаи худ ҳама кишварҳои узвро ба он далолат менамояд, ки ин ҷашнро пайваста ба маърази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ наздик намуда, дар ҳоли имконпазирӣ ҳамасола чорабиниҳои наврӯзӣ ташкил намоянд. Аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз тақозо мегардад, ки асли пайдоиш ва анъанаҳои суннатии ин ҷашнвораро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода, бад ин тариқ мероси Наврӯзро дар миқёси ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.
Дар арафаи ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон  мавод оид ба махсусиятҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистонро зери унвони «Наврӯзнома» бо забони олмонӣ таҳия намуд. 
Ин мавод дар баробари инъикоси таърихи ҷаҳонишавии Наврӯз ва талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари ташаббускори ҳавзаи Наврӯз, хонандаи олмонизабонро ба сайри рукнҳои наврӯзӣ, аз қабили ҷашнгирии Наврӯз  ва хусусиятҳои хоси он,  фалсафаи Наврӯз, суманак ва тарзи омодасозии ӯ,  суфраи наврӯзии ҳафтсин ва дигар паҳлӯҳои ин ҷашни аҷдодӣ мебарад.
Мавод дар шакли китоби электронӣ (ebook) ва ҳамзамон дар шакли китоб омода гардида, дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ ба корпуси дипломатии муқими кишвари иқомат, ҳаводорон ва дӯстони Тоҷикистон тақдим мегардад. 
Шакли электронии мавод дар сомонаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Берлин зери суроғаи   http://botschaft-tadschikistan.de/nawruz_online_1/ гузошта шудааст.

Март 20, 2015 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд