Неруи офтобӣ дар Тоҷикистон

Март 20, 2015 13:10

Анкара, 20.03.2015. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимӣ).- 18 марти соли 2015 дар шаҳри Истанбул вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия  Фаррух Шарипов  бо директори ширкати туркӣ «4 new еnergy» ва «EuropAsia» Ниязӣ Йилмаз доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ,  сармоягузорӣ,   энергетикӣ дар бахши низоми панелҳои офтобӣ ва об гармкуниро баррасӣ намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ роҳбарияти ширкати мазкур қаноатмандии худро аз вохӯрӣ иброз намуда, зикр намуданд, ки ҷиҳати шиносоӣ бо фазо ва имкониятҳои Тоҷикистон  рӯзҳои наздик ба Душанбе  сафар менамояд.
Ширкати «4newenergy» 30 инҷониб дар бозори ҷаҳонӣ фаъолият дошта,  марказаш дар шаҳри Аугсбурги Олмон ва  ширкати «EuropAsia» дар шаҳри Измири Туркия  қарор дорад. Ширкатҳои мазкур бо ширкати олмонӣ «Jurawatt» дар самти истеҳсоли панелҳои офтобӣ бо нанотехнология, таъмини қувваи барқ бо низомҳои хурди бодӣ, технологияи хушккунии лой ( Агролинер) ва тозакунии об ( SOLIDO) ҳамкорӣ дошта, дар бозорҳои Олмон ва Туркия ҷой намоёнро ишғол менамоянд. Панелҳои офтобӣ дар тамоми фасл, яъне  ба хунукии сард ва гармии то 120 дараҷа тобовар мебошанд.
 
 

Март 20, 2015 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд