Низоми иттилоотии тандурустӣ рӯи кор омад

Март 18, 2015 10:57

Душанбе, 18.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Чанде  пеш   дар  ҷаласаи   панҷуми Шӯрои танзимотӣ иттилоот дар  бораи ҷараёни татбиқи   лоиҳаи «Ёрии техникӣ барои  дастгирии  таҳкими  низоми  иттилоотии  тандурустӣ  дар  Тоҷикистон», ки  онро Иттиҳоди  Аврупо  маблағгузорӣ  менамояд,  ироа  шуд.
Тавре  ки  дар  намояндагии Иттиҳоди  Аврупо  дар  ҶТ хабар  доданд,  лоиҳаи ҳаҷми  маблағаш  иборат  аз 3  миллиону  400 ҳазор  евро ба  роҳандозии  низоми электронии ҳисобот дар  бахши  тандурустӣ  ва  сабти  санадҳои  ҳолати  шаҳрвандӣ  (ССҲШ)  дар  сатҳи  миллӣ  мусоидат  мекунад.
Вазифаи  асосии  лоиҳа  иборат  аз  таҳкими  низоми  идораи  тандурустӣ дар Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Вазорати  адлияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Раёсати сабти санадҳои  ҳолати  шаҳрвандӣ  мебошад. 
Аз  1  январи соли  2015  дар Хонаи  ақди  никоҳ ва  чор  шуъбаи  сабти  санадҳои  ҳолати шаҳрвандии  шаҳри  Душанбе  ва  шуъбаҳои мазкури ноҳияҳои Рӯдакӣ,  Шаҳринав ва  Ҳисор  санадҳои  ҳолати  шаҳрвандӣ тариқи  навори видеоӣ  сабт  мешаванд.
Лоиҳаи  мазкур то  моҳи  майи  соли  2016  дар  амал  татбиқ  мегардад. 

Март 18, 2015 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд