Оғози чорабиниҳои Наврузӣ дар Хуҷанд

Март 19, 2015 14:58

Хуҷанд,19.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд шурӯъ аз 15 март чорабиниҳои наврӯзӣ оғоз гардиданд. 
      Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари хадамоти матбуотии раиси шаҳр Маҳмудҷон Муҳаммадӣ иттилоъ дод, тибқи дастури раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти маҳаллӣ баргузории чорабиниҳои таҷлили Наврӯз дар 22 маҳаллаи шаҳр дар назар гирифта шуда, он оғоз аз 15 март то охири моҳи равон идома меёбад. 
      Ба гуфти манбаъ, то кунун дар се маҳаллаи шаҳр- “1 май”, “Чорчароғ” ва  “Масчиди савр” тантанаҳои наврӯзӣ бо иштироки шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доир гардиданд.  
    Бояд гуфт, ки сокинону бошандагони маҳалла барои таҷлили Наврӯз омодагии ҳамаҷониба дидаанд. 
      Он рӯз аз ҷониби иштирокдорон ва толибилмони макотибҳои ин маҳал ба меҳмонон барномаи наврӯзӣ иборат аз шеъру дубайтихонӣ дар васфи баҳору Наврӯз, мадҳияи “бойчечакхонӣ”, бозию ҳунарҳои миллӣ,  аз қабили “Кокулбофӣ”, “Ҳаппакбозӣ”, “Ошиқбозӣ”, “Лаппар”, “Лалакпарронӣ”, “Даврабозӣ”, суруди “Нақшхонӣ” ва оростани дастархони наврӯзӣ бо “Ҳафт син”-у  “Ҳафт-шин” ва  таъоми анъанавии “Суманак” намоиш дода шуданд.
     Шаҳрдори  Хуҷанд ба ҳар як иштирокчӣ барои барномаи ҷолиб баҳои баланд дода, онҳоро бо иди пуршукӯҳи баҳор- Наврӯзи Аҷам табрик намуд. 
      Хотиррасон бояд кард, ки чорабиниҳои наврӯзӣ дар дигар маҳаллаҳои шаҳр низ идома ёфта, чорабиниҳои асосии Наврӯзи ҷумҳуриявӣ, ки соли равон дар Хуҷанд мегузарад, 21 март дар боғи навбуёди таърихиву фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир хоҳад шуд. 
 

Март 19, 2015 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид