Оқибати фоҷиабори бадмастӣ

Март 30, 2015 11:36

Душанбе, 30.03.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони авбошӣ сокини 50-солаи шаҳри Кӯлоб дастгир гардид.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, номбурда  рӯзи шанбеи гузашта, тахминан соати 15:00-дақиқа дар назди бинои истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ бо корди дар дасташ буда 3 маротиба ба пушти ҳамсояаш- ҷавонмарди 31-сола задааст. Бо ин қаноат накарда, ҳаракатҳои авбошонаашро идома дода 1 маротиба бо корд ба рони чапи пойи ҷияни 16-солаи ҳамсояаш задааст, ки дар натиҷа ҳарду   ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. 
Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
 
 
 

Март 30, 2015 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд