Ошкорсозии боз як хариду фурӯши замин аз ҷониби прокуратураи Суғд
Душанбе, 7.03.2015. (АМИТ “Ховар”). — Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ аз ҷониби Президенти кишвар ба мақомоти прокуратура, ба хусус сохторҳои маҳаллии он супориши қатъӣ дода шуд, ки ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои ғайриқонунӣ додани қитъаҳои замин ва хариду фурӯши он чораҳои зарурӣ андешанд. Зеро тайи солҳои охир ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷудо намудан ва хариду фурӯши қитъаҳои замин боиси нигаронӣ буда, ҳатто воситаи даромади муфт барои шахсони масъул ва мансабдор табдил ёфтааст.
Прокуратураи вилояти Суғд баҳри иҷрои қонунгузории мазкур ва ошкору пешгири намудани ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷудо ва вобаста намудани қитъаҳои замин чораҳои қатъи андешида истодааст.
Аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд ошкорнамои ҳолатҳои хариду фурӯши замин ва гирифтани маблағҳои калон ба сифати пора аз тарафи шахсони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо шаҳодати ин аст.
Чунончӣ, раиси ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Фозилов Гулшан Ғолибҷонович барои ба шаҳрванд Дилноза Ҷураева ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,08 гектар аз шавҳари номбурда ба миқдори калон-ба маблағи 17 600 доллари Иолоти Муттаҳидаи Америка ба сифати пора талаб намуда, дар се ҳолат тавассути миёнарав маблағи дар боло зикргардидаро ҳамчун пора гирифтааст.
Раиси ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен Гулшан Фозилов баъди гирифтани маблағи пора шаҳрванд Дилноза Ҷураеваро ба руйхати шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дохил намуда ба зердасташ муҳандис-заминсозӣ ҷамоат супориши ғайриқонунӣ дод, ки парвандаи заминсозӣ ва барасмиятдарории қитъаи замини наздиҳавлигиро омода ва ба кумитаи заминсозии ноҳия пешниҳод намояд.
Бо ҳамин роҳ бо дахолат ва амалҳои ғайриқонунии раиси ҷамоати деҳоти Тағояк Гулшан Фозилов шаҳрванд Дилноза Ҷӯраева ғайриқонунӣ соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардидааст.
Оиди ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокурори вилояти Суғд 27 феврали соли 2015 нисбати раиси ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен Гулшан Фозилов бо банди “г” қисми 4 моддаи 319 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани пора ба миқдори калон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пешбурди он ба зиммаи муфаттишони Раёсати Агентии назорати давлатии моляви ва мубориза ба коррупсия дар вилояти Суғд вогузор карда шудааст.
Дар рафти пешбурди тафтишоти пешакӣ гуноҳи Гулшан Фозилов бо нишондоди худиқрории худи ӯ ва дигар нишондодҳои шоҳидон ба пуррагӣ исботи худро ёфта, номбурда санаи 04-уми марти соли ҷорӣ ҳамчун гумонбар ба ҳабс гирифта шудааст.








РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!






