Пирӯзии паҳлавонони тоҷик аз «Ҷоми Дордой”
Душанбе, 20.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Ҷоми Дордой”, ки дар пойтахти Қирғизистон — Бишкек баргузор шуд, паҳлавонони тоҷик се медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бори дувум доир шуд, беш аз 300 варзишгар (марду зан) аз Қазоқистон Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тӯли се рӯз барои 14 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд.
Гуфта мешавад, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа панҷ варзишгари ҷавон аз шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Спитамен намояндагӣ кард. Се нафари он — Азизи Муҳаммадризвон (66 кг), Хайрулло Расулов (73 кг) ва Суруш Каримов (81 кг) барои ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






