Пирӯзии Зелимхон Юсуфов дар мусобиқаи байналмилалӣ

Март 18, 2015 10:43

Душанбе, 18.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-  Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар Зелимхон Юсупов, паҳлавони Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии гӯштини озод барои ҷоизаҳои сарвари Бурятистони Русия медали тилло ба даст овард. 
Гуфта мешавад, ки ин мусобиқаи анъанавӣ бори 20-ум дар пойтахти Бурятистон — Улан-Удэ бо ширкати беш аз 130 варзишгар аз Арманистон, Гурҷистон, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Чин ва Ҷопон баргузор шуд. 
Ёдовар мешавем, ки Зелимхон Юсупов, барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVII осиёӣ дар рақобатҳо дар вазни то 70 кг бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал баромад. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар  Анхбаяр Батчулууни муғул ғалаба кард.
 
 
 
 
 
 
 
 

Март 18, 2015 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд