Р.Қосимов-яке аз фотеҳони муваффақи Дилварзин буд

Март 4, 2015 08:08

 
Аз он додаст модар номи Раҳбар,
Писар бар ҳамзамонон буд раҳбар.
Сайдулло Аббоси Хуҷандӣ
 Душанбе, 4.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз ба зодрӯзи ходими намоёни сиёсию давлатии Тоҷикистон Раҳбар Қосимов 85 сол пур шуд.
Раҳбар Қосимов аз чеҳраҳои шинохтаи арсаи сиёсат буда, дар умри кӯтоҳи ҳамагӣ 44-солаи худ шӯҳрат пайдо кардааст. 
Раҳбар Қосимов 4 марти соли 1930  дар  шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст.  Соли 1946  мактаби миёнаи № 12 шаҳри Ленинободро бо муввафақият хатм намуда, ба  факултаи агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) дохил мешавад. 
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1953, ханўз дар синни 23 солагиаш бо роҳхат аз МТС-и Исфисор ба сифати сарагроном  оҒоз менамояд. Солҳои 1955-1958 солҳои фаъолияти пур-самар ва комёбиҳои баланди  сарагрономи МТС  Р.Қосимов буд. Моҳҳои  июл-декабри соли 1958   сардори инспексияи хоҷагии қишлоқи  ноҳияи Ленинобод, аз  моҳи декабри ҳамон сол то моҳи октябри соли 1959  раиси комиҷроияи  ноҳияи Ленинобод (имрўза Бобоҷон Ғафуров)  интихоб мешавад. Р. Қосимов дар тулии солҳои 1953-1961 дар ноҳияи Ленинобод, ки  соли 1959  номи Хуҷандро  гирифтааст, бо камоли масъулият  ҳамчун ташкилотчии моҳир  софдилона меҳнат карда ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардидааст.
Соли 1953 фаъолияти баланди ташкилотчигии Р.Қосимовро ба инобат гирифта ўро ба сафи аъзои ҳизби Коммунистӣ (КПСС) қабул менамоянд. Аз 1960 то соли 1961ба сифати муовини вазири хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. 
Моҳи сентябри соли 1961  ба вазифаи Қотиби якўми Қумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Мастҷоҳ интихоб менамоянд. Дар муддати нисбатан кўтоҳ корҳои зиёдеро дар мавзеи Дилварзин ба анҷом расонида қариб 40 ҳазор гектар замини навро аз худ ва даҳ хоҷагии наву калони пахтакорӣ бунёд  карда намуда аст. Мастчоҳ ба яке аз ноҳияҳои  бойтарини шимоли Тоҷикистон  мубадал гардида, дараҷаи некуаҳволӣ ва зисту зиндагии мардум беҳтар мегардад. Яке аз фотеҳони заминҳои нав ва дар гузашта ташналаби Дилварзин  дар сар то сари ҷумҳурӣ шинохта мешавад.
Р. Қосимов 10 январи солҳои 1963 Котиби  якуми Кумитаи ҳизби коммунисти Идораи истеҳсолии колхозиву совхозии шаҳри Конибодом  ва аз  29 декабри соли 1965  Котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти  шаҳри Конибодом  интихоб мешавад. Дар зарфи 7-соли котиби  аввали ҳизбии шаҳри Конибодом  будани ў  нақшаҳои давлатии пахтасупорӣ, пиллаву гушт ва меваю сабзавот  сол аз сол пурраю барзиёд иҷро мегардид. 
Соли 1965 ноҳияи Конибодом барои дастовардҳои баланд дар чиниши мошинии  пахта бо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат  мукофотонида шудааст. Дар ободонии деҳот  ва азхуд кардани заминҳои  бекорхобидаи шаҳри Конибодом  саҳми Р.Қосимов хело калон аст. 
Р. Қосимов  соли 1972 Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС-ро хатм менамояд. Дар давраи таҳсил бо аллома Бобоҷон Ғаффуров вомехўрад ва сўҳбати самимона ба анҷом мерасонад. 
Солҳои 1972-1974 ба вазифаи   котиби якуми Кумитаи Хизби Коммунисти ноҳияи  Ҳуҷанди вилояти Ленинобод  таъин мегардад. Моҳи январи соли 1974  Раиси бюрои ташкилии КМ ПК Тоҷикистон  оид ба вилояти Кўлоб тасдиқ мешавад.  
Подоши  хизмати бузурги Р.Косимов бо ордени Ленин, 2 Ордени Байрақи  Сурхи Меҳнат, медали «Барои меҳнату шуҷоат», Ифтихорномаи фахрии  Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Шурави Сотсиалистии Тоҷикистон ва унвонии Агрономи хизматнишондодаи Ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шудааст.   Ҳамзамон  вакили  Шўрои Олии Тоҷикистон  даъватҳои шашум ва ҳафтум  интихоб гардида буд. Ба номи Роҳбар Қосимов яке аз хоҷагиҳои ноҳияи Б.Ғафуров ва кўчаи шаҳри Хуҷанд номгузорӣ шудааст.

Март 4, 2015 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест