Сокинони шаҳраки Сангтӯда бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд
Душанбе, 19.03.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 18 март дар шаҳраки Сантӯдаи ноҳияи Данғара маросими ботантанаи мавриди истифода қарор додани лӯлаи об, ки сокинони шаҳракро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин менамояд, баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин — Фролов, раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев, директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «НБО Сангтӯда — 1» Павел Лавров, ҳамчунин намояндагони ВАО ва сокинони шаҳраки Сангтӯда иштирок доштанд.
Раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев меҳмонону ҳозиронро бо фарорасии Иди Наврӯз муборакбод карда, ба роҳбарият ва ҳайати Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «НБО Сангтӯда — 1» барои дастгирии ҳамаҷониба ҷиҳати ташкили чорабинии мазкур арзи сипос карда, зикр намуд, ки мавриди истифода қарор додани лӯлаи об воқеаи назаррас аст, зеро он ба фарорасии фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз рост омадааст.
Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин — Фролов зимни суханрониаш хотирнишон сохт, ки Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «НБО Сангтӯда — 1» яке аз лоиҳаҳои калонтарини Федератсияи Русия дар фазои ИДМ ба шумор рафта, мисоли равшани ҳамкории судманди Русия ва Тоҷикистон дар бахши неруи барқ маҳсуб меёбад.
Ёдовар мешавем, ки масофаи ин лӯлаи об 1370 метрро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






