Суҳбати роҳбари ВКД бо собиқадорони Суғд

Март 19, 2015 11:32

Душанбе, 19.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Вазири  корҳои  дохилии  Тоҷикистон  Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар маҷмааи «Тоҷикистон» — и  шаҳри  Хуҷанд бо  собиқадорони  милиса  суҳбат орост, ки дар  он  беш  аз  80  нафар  собиқадорони   вилояти  Суғд  ширкат  доштаанд.
Тавре  ки ВКД  ҶТ  хабар  медиҳад,  роҳбари  ВКД  ҳамаи  ҳозиронро  бо Иди  Наврӯз  муборакбод  намуда,  хидматҳои  собиқадорон дар рушди мақомоти умури  дохилиро ба  дараҷаи  баланд  арзёбӣ  кард.
Бо  фармони  вазири  корҳои дохилии  ҶТ  ба 30  нафар  собиқадорони  милиса  ифтихорномаҳо  ва  инъомҳои  қиматбаҳо  тақдим  шуданд.
Раиси Шӯрои  собиқадорони  ВКД  Суғд  Тоҳир  Назаров  дар  навбати  худ  аз  номи ҳамаи  собиқадорон  иброз  дошт, ки онҳо   барои тарбияи  насли  ҷавон  ва дастраси ҷавонон намудани  малакаю  таҷрибаҳояшон  саъю  кӯшиш  хоҳанд  кард.

Март 19, 2015 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд