«Суруди миллӣ» дарҳои Интихобот-2015-ро кушод

Март 1, 2015 11:48

Душанбе, 01.03.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Имрӯз, 1 март аз соати 6-и субҳ дар саросари мамлакат интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо шурӯъ шуд.
Дар участкаи интихоботии рақами 48-и ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ, рақами 2 соати 9-00 аллакай 30 фоизи интихобкунандагон ба номзадҳои худ овоз доданд. 
Бино ба гуфтаи муовини раиси комиссияи интихоботии ин ҳавза Нозир Ёдгорӣ, дар ҳавзаи итихоботии Исмоили Сомонӣ, рақами 2-  1 ҳазору 652 овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст. «Дар бинои ШСХК «Барқи тоҷик» ду участкаи интихоботӣ -участкаи интихоботии рақами 48 оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Олии ҶТ ва ҳавзаи маҳаллӣ ҷойгир аст. Участкаи  интихоботӣ 40 рӯз пеш ба кор шурӯъ карда буд.  Рӯйхати интихобкунандагон пурра тартиб дода шуда, ба ҳамаи интихобкунандагон дар вақти муайяншуда даъватномаҳо  расонида шуданд»,-мегӯяд муовини раиси комиссияи интихоботӣ
Ба гуфтаи Н. Ёдгорӣ бисёр нафарон хусусан нафақахӯрон пеш аз интихобот ба участаи интихоботӣ омада, оид ба номзадҳо маълумот мегирифтанд. Ҳатто дар назди ин участкаи тарғиботӣ хонаи модару кӯдак амал мекард, ки дар он занҳои хонашин имкони бо фарзандҳояшон омада маълумот гирифтанро доштанд.
«Ба фикри ман интихоботи имрӯза нисбат ба интихоботҳои пешина серодамтар аст. То айни замон ба участкаи мо  се гурӯҳ нозирони байналмилалӣ омаданд. Соати 6-и субҳ мо якҷоя бо нозирони Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои ИДМ бо шунидани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳоро барои интихобкунандагон кушодем»,-хабар дод Н.Ёдгорӣ. 
Дар ин участка 22 нафар интихобкунандаи  синни 18  ба қайд гирифта шудааст, ки то соати 9-и субҳ аллакай   4 нафари онҳо дар ин маъракаи сиёсӣ ширкат намуд. Ба ҳар яки онҳо ширкати «Барқи тоҷик» туҳфаҳои хотиравӣ супорид.  

Март 1, 2015 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид