Таҷлили Наврӯз бо иштироки адибон

Март 23, 2015 10:15

Душанбе, 23.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -20 марти соли ҷорӣ дар сарҳади маркази вилояти Суғд зиёда аз 200 нафар меҳмони чорабиниҳои наврӯзиро бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хосса раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода гарму самимӣ истиқбол намуд.
Баъди қабули расмӣ меҳмононро ба таҷлили Наврӯзи маҳаллаи «Сари баландӣ» даъват намуданд. Дар маҳаллаи мазкур аз ҷониби бошандагони маҳалла дастурхони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ ороста шуда, иштирокдорони чорабиниро бо анъанаҳои мардумии маҳал ошно намуданд. Дар баробари ин раиси шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо меҳмонони Наврӯзи Хуҷанд дар расми ба истифода додани бинои истиқоматии баландошёнаи 16 ҳуҷрагӣ, ки ошёнаи якуми он аз чойхонаи маҳалла иборат хоҳад буд, ширкат намуданд.
Ҳозирон баъди тамошои растаҳои наврӯзӣ меҳмони омӯзгорон ва донишҷӯёни Колеҷи тиббӣ шуданд. Дар ин макони дониш низ бо қувваи муҳассилину устодон, тамоми намуди ҳунарҳои миллӣ, барномаи консертӣ баргузор гардид. Баробари таҷлили Наврӯз дар муассисаи таълимии мазкур хатнатӯйи се нафар кӯдак аз оилаи ниёзманд доир  шуд, ки раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо адибони маъруф Меҳмон Бахтӣ, Мӯъмин Қаноат ва Бозор Собир туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро супорид.

Март 23, 2015 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд