Таҷлили Наврӯз дар Берлин ва Ҳамбурги Олмон

Март 20, 2015 08:32

Душанбе, 20.03.2015 (АМИТ «Ховар»).-22 марти соли равон дар Осорхонаи этнологии шаҳри Берлини Олмон ҷашни байналмилалии Наврӯз дар якҷоягӣ бо кишварҳои ҳавзаи Наврӯз таҷлил мегардад. 
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ бо гӯшаи фарҳангӣ, пешниҳоди хӯрокҳои миллӣ ва барномаи консертӣ бо иштироки сарояндаи ҷавони эстрадаи тоҷик Меҳринигори Рустам иштирок менамояд.
Рӯзи 24 март Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар якҷоягӣ бо Консули фахрии ҶТ дар шаҳри Ҳамбурги Олмон ҳамоиши иқтисодӣ ва ҷашни Наврӯзро доир менамояд. Дар нимаи аввали рӯз муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ба доираҳои иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорони замини Ҳамбург, намояндагони корпуси дипломатӣ пешниҳод мегардад. Дар нимаи дуюми рӯз баргузории барномаи консертӣ бо иштироки Меҳринигори Рустам дар назди  иштирокчиёни ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар назар дошта шудааст.

Март 20, 2015 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд