Таҷлили Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар минтақаҳои РФ
Душанбе, 30.03.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ ).- Тавре ки котиби матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ФР Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, бо ибтикори созмони ҷамъиятии «Иттифоқи тоҷикистониён» — и кишвари Хабаровск ва раиси иттифоқи мазкур Рустам Азамов дар шаҳри Хабаровск ба ифтихори иди байналмилалии Наврӯз иқдоми идона роҳандозӣ шуд.
Дар ҳошияи ин чорабинӣ намоишгоҳи санъати амалӣ доир гардида, либосу таомҳои миллии мардуми тоҷик ба маърази намоиш гузошта шуданд.
Ташаббускорони ид байни дастаҳои ҷамоаҳои миллии муқими кишвари Хабаровск мусобиқот аз рӯи минифутбол ва волейбол ташкил намуда, ғолибони он бо ифтихорномаю инъомҳои қиматбаҳо қадр шуданд.
Ба гуфтаи Иброҳим Аҳмадов, дар қисми тантанавии чорабинӣ намояндагони Ҳукумати кишвари Хабаровск, Анҷумани мардуми кишвар ва роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Ингушистон, Украина ва Озарбойҷони минтақа иштирок намуданд. Дар маросим барқияи табрикотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат шуд.
Дар мусобиқот 12 дастаи варзишии иттиҳодияҳои миллию фарҳангии шаҳри Санкт — Петербург, ҳамчунин дастаҳои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии роҳҳои оҳан ва мактаби комплексии маҳорати олии варзишии он иштирок намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






