Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар Суғд

Март 11, 2015 14:02

Хуҷанд, 11.03.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Имрӯз, 11 март тибқи қарори раиси вилояти Суғд дар бинои Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи рӯзноманигорон Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд.
Иштирокдорон дар ошёнаи якуми бинои Кохи матбуот бо намоиши матбуоти даврии вилоят ошно шуданд.
Дар қисми тантанавии чорабинӣ бо ҳузури наздик ба 100 нафар журналистони расонаҳои дохиливу хориҷӣ муовини аввали раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов паёми табрикии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонид. Аз ҷумла  зикр гардид, ки имрӯз матбуоти тоҷик бо арзишҳои маънавии миллиамон — забон, адабиёт, оину фарҳанг дар як сатҳ қарор гирифта, дар рушди ҷомеаи мутамаддини муосир саҳми амиқ мегузорад.
Муовини аввали раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов ба рӯзноманигорони фаъол сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро супорид.
Инчунин дар ин рӯз барандагони озмуни вилоятӣ барои дарёфти мукофоти Созмони журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ низ муайян гардиданд. Соли равон ҷоизаи мазкурро ду нафар журналист — мухаррири хафтаномаи “Суғдиён”  Нӯъмон Раҷабзода  ва хабарнигори рӯзномаи “Тирози ҷаҳон”  Монадниссо Рустамова  дарёфт намуданд.

Март 11, 2015 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд