Таҷлили Соли оила дар сатҳи баланд
Душанбе, 16.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ҳафтаи гузашта дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор, сардори Раёсати рушди иҷтимоӣ Г.Туманова, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, муовинони раисон ва сардори раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ машварати корӣ вобаста ба эълон намудани Соли оила доир гардид.
Мақсади машварат дар сатҳи баланд доир гардидани Соли оила буда, инчунин ба масъулини соҳа барои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занон, паст кардани сатҳи пошхӯрии оилаҳо, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии никоҳҳои хешутаборӣ, пеш аз издивоҷ аз ташхиси тиббӣ гузаштани ҷавонон ва фарҳанги либоспӯшии бонувон дастуру супоришҳо дода шуданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор оид ба масъалаҳои мазкур ҷиҳати бартараф намудани омилҳои номатлуби ҷомеа пешниҳодҳо ироа намуд.
Ҳамзамон аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ даъват шуд, ки занон барои дар сатҳи баланд таҷлил гардонидани Соли оила, баланд бардоштани масъулияти занону модарон дар тарбияи фарзанд, тарбияи зеҳнию маънавии оилаҳо пешниҳодҳои Сарвари давлатро ҷонибдорӣ ва сармашқи кори ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






