Тамдиди муҳлати патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ

Март 17, 2015 10:56

Душанбе, 17.03.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 8 марти соли ҷорӣ Қонуни федералиро «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаи 13.2-и Қонуни федералӣ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» ва моддаи 6-и Қонуни федералӣ «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни федералӣ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» ва баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Русия»-ро ба имзо расонид. Қонуни мазкур ба муҳоҷирони меҳнатӣ имкони тамдиди муҳлати патентҳои «кӯҳна», яъне патентҳоеро, ки дар соли 2014 дода шудаанд, фароҳам меорад. 
Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, мувофиқи қонуни мазкур роҳбари субъекти Федератсияи Русия, ки дар соли 2014 беш аз сесад ҳазор патент дода шудааст, ҳуқуқи ба Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Русия (ХФМР) бо дархости тамдиди эътибори патентҳое, ки дар соли 2014 дода шудаанд, то даврае, ки маблағи ҳуҷҷат пардохт мегардад, вале на зиёда аз 12 моҳ, аз рӯзи ба муҳоҷири меҳнатӣ додани чунин ҳуҷҷат, муроҷиат карданро дорад.
Қаблан мақомоти Маскав, ки дар соли 2014 — 800 адад патент  додааст, хабар дод, ки баъди ба имзо расонидани қонун аз ҷониби Президенти Русия омодаанд барои ҳалли ин масъала фавран ба ХФМР муроҷиат намоянд.
Муҳоҷири меҳнатие, ки дар соли 2014 патент гирифтааст, акнун  метавонад 4000 рубли русӣ дар як моҳ пардохт намуда, ба ин восита то 12 моҳ аз санаи гирифтани ҳуҷҷати мазкур муҳлаташро тамдид намояд. 
 

Март 17, 2015 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд