Тантанаҳои наврӯзӣ дар ДМИТ

Март 19, 2015 14:58

 
Душанбе, 19.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Имрӯз дар варзишгоҳи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки донишҷӯёну устодон ва кормандони донишкада ва меҳмонони зиёде бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил шуд. 
Ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева дар он устодону донишҷӯёни факултаҳо ва магистрон бо ороиши дастархони «ҳафт син», «ҳафт шин» ва «ҳафт мим» ва бо арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ гӯшаҳои махсус ташкил намуданд, ки хеле ҷолибу диданӣ буданд. 
Ректори донишкада Ашурбой Солиев оид ба суннатҳои волои наврӯзӣ иброз дошт, ки: «Наврӯзи имсола аз наврӯзҳои қаблӣ бо он фарқ мекунад, ки имсол мо 5-солагии ҷаҳонишавии Наврӯзро ҷашн мегирем. Наврӯз айёми дӯстиву ваҳдат, эҳсону сахо буда, бо самимияти хосса истиқбол гирифта мешавад. Дар ин рӯз тамоми одамон на танҳо хонаву дар ва ашёи рӯзгорашонро тозаву озода менамоянд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ тоза мекунанд».
Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ва раиси комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Наҳтулло Назаров дар бораи фазилатҳои беҳтарини Наврӯз, ҷаҳонишавӣ ва дар кишварҳои дунё бошукӯҳ ҷашнгирии он, эҳёи суннатҳои волои ниёгон ёдовар шуда, аҳли нишастро бо фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ шодбош гуфтанд.
Базми наврӯзии донишкада баёнгари худшиносӣ ва эҳёи суннатҳои миллӣ, ваҳдати комил ва фарҳангпарварии иштирокчиёни он буд.
 
 

Март 19, 2015 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд