Танзим — баракати рӯзгор
Душанбе, 5.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 4 март дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) вохӯрии сармутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ Файзигул Юсупова бо устодон ва донишҷӯёни донишкада доир гардид.
Тавре ки аз ДМИТ иттилоъ доданд, дар ҷамъомад муовини ректор оид ба илм Илҳомуддин Иброҳимов иброз дошт, ки вохӯрии мазкур саривақтӣ буда, барои донишҷӯёни мо аз манфиат холӣ нест.
Ҳадаф аз вохӯрӣ тавзеҳу ташреҳи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Президенти кишвар вобаста ба танзими ҷашну маросимҳо мебошад.
Сармутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ Файзигул Юсупова иброз дошт, ки имрӯз аксари ҷашну маросимҳо, аз қабили зодрӯз, хатнасур ба танзим дароварда шуда, танҳо дар доираи оила баргузор мегарданд. Аммо, мутаассифона, ҳастанд шаҳрвандоне, ки қонунҳои амалкунандаро риоя намекунанд, ки ин қабил шахсон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки соли 2014 9% ҷудошавии оилаҳо нисбат ба соли 2013 зиёд шудааст. Аз ин хотир, мо бояд тафаккури ҷавононро баланд бардошта, соҳибмаълумот гардонем ва онҳоро барои ба ҳаёти мустақилона қадам гузоштанашон тайёр намоем.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






