Тоҷикистон ҳаҷми воридоти сементро коҳиш дод

Март 27, 2015 11:07

Душанбе, 27.03.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).-  Тоҷикистон  аз  оғози  соли  ҷорӣ  ҳаҷми  воридоти  сементро  беш  аз 2,5  баробар  кам  кард.  Масалан,  тайи  ду  моҳи  аввали  соли  равон  вуруди семент  нисбат ба ҳамин  давраи  соли гузашта  баробари  қариб  37 ҳазор тонна ё  баробари 2,9  миллион  доллар  коҳиш  ёфт. 
Моҳҳои  январ  ва  феврали  соли  ҷорӣ  содироти  семент  22,3  ҳазор  тонна  ба  маблағи 2  миллиону 900  ҳазор  долларро  ташкил дод. Ин  нишондиҳанда  дар  ҳамин давраи  соли  гузашта  баробари  59,2  ҳазор тонна ба  маблағи  5  миллиону 800  ҳазор  доллар   буд. 
Мувофиқи  маълумоти  Вазорати  саноат ва технологияҳои нави  кишвар,  тайи  ду  моҳи аввали  соли равон қариб 145  ҳазор тонна  семент  истеҳсол шуд, ки  нисбат ба  ҳамин  давраи  соли  2014  баробари 59,4  ҳазор тонна  ё 69,5  фоиз  зиёд аст.
Ёдовар  мешавем, ки  соли  2014  дар кишвар  беш  аз  1,1  миллион   тонна  семент  тавлид  шуда буд. 

Март 27, 2015 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад