«Тоҷикистон ватани Наврӯз аст»: маҷмӯаи нав

Март 3, 2015 16:02

Душанбе, 03.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст»-таҳти чунин унвон дар остонаи ҷашни Наврӯз муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона»-и Вазорати фарҳанги кишвар  маҷмӯаи шеърҳои Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоибро аз чоп баровард.
      Дар маҷмӯа шеърҳои дар васфи баҳор ва Наврӯзи ҳуҷаста  эҷоднамудаи шоири шинохтаи тоҷик  гирд оварда шудаанд. 
    Маҷмӯа бо теъдоди 1000 нусха мунташир гардида, ҳадяи наврӯзиест барои  наврасони кишвар. 
     Муҳаммад Ғоиб муаллифи 40 китоб буда, дар чандин анҷуманҳо дар хориҷи кишвар ширкат варзида, бузургии адабиёти тоҷикро муаррифӣ намудааст.
             Офаридаҳои назмию насрии ӯ дар маҷмӯаҳои «Роҳи деҳа», «Меҳргиёҳ», «Лолаи чашм», «Сурати ишқ», «Дидор», «Сад ғазал», «Гавҳар», «Хоки ватан», «Парчами нанг», «Хирмани гул», «Дарди ширин», «Қиблаи умед», «Каъбаи дил», «Ашки қалам», «Фарёди ёдҳо», «Ифтихор», «Гумгаштапайдо» мунташир гардидаанд.   
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб барои хизматҳои шоён дар ташаккули адабиёти тоҷик бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардидааст. 
 

Март 3, 2015 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид