Тоҷикистону Ветнам -дар арзҳои дӯстӣ

Март 13, 2015 14:29

  Душанбе, 13.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-  Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ /ҶДРФТ/ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири нави Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фам Ван Фао мулоқот намуда, масоили ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар дар доираи ҶДРФТ, тақвияти дӯстӣ, ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангии муштарак дар Тоҷикистону Ветнамро баррасӣ намуданд. 
С. Хайруллоев таъсиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — Ветнам» дар соли гузаштаро аз иқдомҳои муассир дар рушди равобити Тоҷикистону Ветнам арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки таъсиси ин ниҳоди фарҳангӣ метавонад барои густариши ҳамкориҳо ва тақвияти дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар мусоидат намояд. Муаррифии фарҳанг, расму оини қадимаву имрӯзаи тоҷик ба мардуми Ветнам ва миллати ветнамӣ ба мардуми тоҷик ва ташкили намоиши китобҳои тозанашр аз фаъолиятҳои асосии Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — Ветнам» маҳсуб меёбад.
С. Хайруллоев ба дипломати ветнамӣ дар бораи фаъолияти ҶДРФТ ва ниҳодҳои он маълумот дода, гуфт, ки дар назди ҷамъияти мо 22 анҷумани  дӯстӣ фаъолият мекунад ва саҳми онҳо ба густариши муносиботи фарҳангӣ ва таҳкими дӯстӣ байни мардумони кишварҳоямон мусоидат менамояд. 
Дипломати ветнамӣ -Фам Ван Фао аз тасмими роҳбарияти кишвараш ҷиҳати таъйини ӯ ба ҳайси сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, гуфт, ки ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми дониш ва cаъю талоши худро барои рушди равобити гуногунсоҳа бо Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода хоҳад кард. 

Март 13, 2015 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд