Туҳфаи Тоҷикистон ба Шуъбаи СММ дар Вена

Март 31, 2015 14:29

Душанбе, 31.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- 30 марти соли 2015 Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди САҲА ва созмонҳои дигари байналхалқӣ дар Вена Исматулло Насрединов дар ҳузури муовини Дабири кулли СММ, мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Вена Юрий Федотов туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи маҳсули ҳунари дастии миллии мардуми кишварамон «Сӯзанӣ»-ро ба шуъбаи  Созмони Милали Муттаҳид дар Вена тақдим намуд.  
Ин туҳфаи хотиравӣ нахустин бор яке аз даҳлезҳои марказии бинои Созмони Милали Муттаҳид дар Венаро оро дод.
Сӯзанӣ дар баробари туҳфаҳои миллии бархе аз кишварҳои Созмони Милали Муттаҳид нишонаест аз мардуми Тоҷикистон, ки ба ҷаҳониён фарҳангу маданият ва мероси гаронбаҳои ниёгонамонро муаррифӣ хоҳад кард.
Юрий Федотов аз номи худ ва Дафтари СММ дар Вена барои ин тасмими наҷиби Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ кард.
 

Март 31, 2015 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд