У. Кумар: «БОР ба Тоҷикистон кумаки техникӣ пешниҳод менамояд»

Март 18, 2015 13:43

Душанбе, 18.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Директори иҷроияи Шӯрои директорони Бонки осиёии рушд (БОР) Умеш Кумар дар ҳузури хабарнигорон иброз намуд, ки  дар мулоқот бо Президенти кишвар дурнамои умедбахши ҳамкории бонк бо Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Умеш Кумар зикр намуд, ки Президенти Тоҷикистон он кумакҳоеро, ки аз ҷониби БОР пешниҳод   мешаванд,  дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ҳамкориҳо бояд густариш ёбанд. 
«Мо, албатта, ҳамкориҳои худро бо Ҳукумати    Ҷумҳурии Тоҷикистон давом медиҳем, то ин ки кишвар аз ҳамкориҳои мазкур боз ҳам баҳраи бештар гирад.
БОР дастгирии худро бахусус дар соҳаҳои энергетика, рушди роҳҳои оҳан ва роҳҳои мошингард бештар менамояд. Мо хусусан соҳаи сохтори хусусӣ ва сохтори хусусии истеҳсолиро бисёртар дастгирӣ хоҳем кард. Дар рӯзҳои наздик инчунин «Стратегияи нави ҳамкории БОР бо Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурра таҳия мешавад ва ин стратегияи ҳамкорӣ мувофиқи назари ҷонибҳо мебошад». 
Ин бонки бонуфуз ҷиҳати амалисозии лоиҳа оид ба таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» дастгирии худро пешниҳод менамояд ва ният дорад, ки лоиҳаҳои минтақавиро оид ба рушди энергетика ва соҳаи нақлиёт амалӣ созад. 
Яке аз лоиҳаҳои асосие, ки БОР  амалӣ хоҳад намуд, ин лоиҳаи интиқоли неруи барқ бо иқтидори 500 кВт , ки аз аз Неругоҳи   барқи обии Норак кашида мешавад, мебошад. 
Тибқи иттилои Умеш Кумар Бонки осиёгии рушд имсол барои амалисозии лоиҳаи минтақавии роҳи оҳан кумаки техникӣ пешниҳод  менамояд. 

Март 18, 2015 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд