ВКД ҶТ: баргузории чорабинии варзишӣ бахшида ба Наврӯз

Март 16, 2015 11:46

Душанбе, 16. 03. 2015. (АМИТ «Ховар»,  Муқаддас Темурзода).-Ҳафтаи сипаригардида дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод С. Айнии пойтахт мусобиқаи инфиродӣ-даставӣ оид ба «Дав» (кросс) байни Сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, РВКД дар ш. Душанбе, вилояти Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бахшида ба фарорасии Иди байналмиллалии Наврӯз таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ дар соли 2015» баргузор гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар ин мусобиқа 14 даста ва 70 варзишгар иштирок намуданд. Дар мусобиқаи «кросс», яъне давидан барои мардон масофаи 3000 метр ва барои занону бонувон 1000 метр пешбинӣ шуда буд. 
Бояд зикр намуд, ки зимни мусобиқа байни мардон (3000 м) ҷойи аввалро бо натиҷаи 10,46 дақиқа Баҳодур Мақсудов — намояндаи Академияи ВКД, ҷойи дуюмро бо натиҷаи 11,19 дақиқа Ҷовиди Алихон — намояндаи Қисми минтақавии РВКД вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб ва ҷойи сеюмро намояндаи дигари Академияи ВКД Фаррух Шамсиев бо натиҷаи 11,41 дақиқа соҳиб гардиданд. Дар мусобиқаи байни занон (1000 м) зинаи якумро шунавандаи Академияи ВКД Руҳафзо Саидова (4,26 дақиқа), ҷойи дуюмро Қурбонбегим Толибекова — корманди Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД (5,00 дақиқа) соҳиб гашта, ҷойи сеюм насиби шунавандаи дигари Академияи ВКД Мавзуна Салимова (5,19 дақиқа) гардид. Ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби Кумитаи тадорукот медал, «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим  шуд. 
Аз натиҷаи иштироки фаъолонаи варзишгарон дастаи Академияи ВКД пешсаф гардида, зинаҳои дуюму сеюмро дастаҳои Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ишғол намуданд. Ба сардорони дастаҳои ғолиб диплом ва Ҷоми мусобиқа супорида шуд.        

Март 16, 2015 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад