Вохӯрии Гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Март 12, 2015 14:41

Душанбе, 12.03.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти милитсия бо иштироки муовини вазири корҳои дохилӣ Умарзода Икром Ислом, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар, намояндаи дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, мушовири шуъбаи мубориза бар зидди терроризм ва мусоидат ба ислоҳоти милитсия Петер Хайнек ва дигар аъзои гурӯҳи корӣ баргузор гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки ҷаласаро муовини вазири корҳои дохилӣ Умарзода Икром Ислом оғоз намуда зикр кард, ки мақсади чорабинии мазкур муайян ва тасдиқ намудани рӯйхати аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, баррасии ҷараёни иҷрои ислоҳоти милитсия, таҳияи нақшаҳои корӣ ва пешниҳоди лоиҳаҳо ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.
Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ фикру мулоҳизаҳои худро барои беҳдошти кор дар самти ислоҳоти милитсия иброз доштанд. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар интихоби номзадҳои гурӯҳи кории Шӯрои ҷамъиятӣ бештар афзалият ба нафароне дода мешавад, ки дониши ҳуқуқӣ дошта, аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бархурдоранд. Инчунин намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорону ҷавонон имконияти бештар дошта, дар тақвият додани ҳамкориҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо милитсия мусоидат  карда метавонанд.

Март 12, 2015 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд