Зиндагӣ бидуни об маънӣ надорад

Март 18, 2015 14:50

     Душанбе, 18.03.2015. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи об барои ҳаёт» эълон шудааст. Ин исботи он аст, ки тоҷикон  таҳти роҳбарии сарвари хирадманди  худ ҷиҳати бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин кардани сокинони сайёра саҳми башардӯстона мегузоранд. Зимни суханронӣ дар конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт», ки моҳи июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Сарвари давлат зикр намуд, ки кадом давлате, ки ба оби тозаи нӯшокӣ ниёз доранд, ба мо муроҷиат кунанд ва мо метавонем оби тозаи нӯшокиро аз кӯли Сарез барои онҳо интиқол диҳем.
 Гуфта мешавад, ки бештар аз 2,5 миллиард нафар аҳолии кураи замин аз нарасидани оби ошомиданӣ  танқисӣ мекашанд. Тоҷикистони  азизи мо манбаи бузурги обҳои мусаффост, аз кӯҳҳои осмонбӯси  он обҳои ширину ошомиданӣ ба водиҳо ҷорӣ шуда, мардуми кишвар шодоб мегарданд. Об аз  ҷумлаи чаҳор унсури муқаддас мебошад, ки ҷаҳон аз он офарида шудааст. Бинобар ин тозаву покиза нигоҳ доштани он вазифаю қарзи шаҳрвандии ҳар як инсон аст.
Бояд аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, кӯшиш намоем, ки мардуми кишвари азизамон бо оби тозаи нӯшокӣ мунтазам таъмин бошад Зиндагиро бе об тасаввур кардан маънӣ надорад.
 
 

Март 18, 2015 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд