Ғалабаи «Истиқлол» ва «Регар — ТадАЗ» дар лигаи олӣ

Апрель 20, 2015 14:03

Душанбе, 20.04.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-19-уми апрел  дар ҷумҳурӣ ду вохӯрии  чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардид. 
Нахуст дар шаҳри Истаравшан дидор миёни тимҳои «Далерон-Ӯротеппа» ва «Регар-Тадаз» баргузор шуд. Дар вохӯрӣ дастпарварони Алишер Ҳакбердиев бо ҳисоби 2:1 дастболо шуданд.  Ҳамчунин дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаи «Барқи тоҷик» (собиқ «Энергетик») бо тими «Истиқлол» қувва озмуданд. Дар вохӯрӣ футболбозони «Истиқлол» ба дарвозаи ҳариф панҷ тӯби беҷавоб заданд. Лигионери испании дастаи Истиқлол Бледа Родригес ду дафъа ва як дафъаи дигар Маҳди Чоҳҷӯӣ, Умед Шарипов ва Хуршед Маҳмудов муаллифони голҳо ба қайд гирифта шуданд. 
Тавре ки иттилоъ доданд, дастаи «Истиқлол» дар ин дидор бештар бо ҳайати дуюм ҳунарнамоӣ кард. Ҳамин тавр пас аз 2 даври бозӣ дастаи «Истиқлол» бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал  қарор дорад. Тими «Хайр» низ 6 имтиёз ба даст овардааст, аммо аз рӯйи таносуби тӯбҳо дар мақоми дуюм қарор мегирад. Дар ҷойи сеюми ҷадвал футболбозони «Регар — ТадАЗ» қарор гирифтаанд.
 
 

Апрель 20, 2015 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст