Ғалат дар муҳокима асоси гумроҳиву бадбахтист…

Апрель 27, 2015 09:34

 
Ҷавоби мухтасар  ба паёми шабакаи телевизионии байналмиллалии «Висоли ҳақ»
Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ “Ховар”).-Касе, ки бонги изтироб мезанад, ки зиндагии мардуми Тоҷикистон бадтару нохуштар аз даврони қабл аз истиқлол аст, ё мағзе хуфтаву бемор дорад ва ё ноҳақиқатбин аст. Иддае, ки қасдан муқобили маҷрои мӯътадили ҳаёт мераванд ва мехоҳанд афкори оммаро бо хостҳои хеш тағйир бидиҳанд, сахт ғалат мекунанд. Абдуррауфи Фитрат дар боби “Вазоифи навъия”-и китоби бузургаш бо унвони “Раҳбари наҷот” чунин менависад: “Одамиён аз ҳазорҳо сол то ба ин тараф гоҳо бо тақозои эҳтиросоти ҳайвония ва гоҳо ба шумии ғалати муҳокимот робитаи умумияро бурида, бинои ухуввати башарияро вайрон намудаанд, дарё-дарё хуни бародарони худро дар хок мерезанд, ҷаҳон-ҷаҳон хонаи ҳамҷинсони худро вайрон менамоянд. Ва ҳанӯз ҳам чунончи бояд, пушаймон нагардидааанд, балки ҳар рӯз аз барои тахриби хонумони якдигар асбоби тозае ихтироъ намуда, башариятро ба сӯи як таҳлукаи сахте мекашонанд. Сабаби ин ду чиз аст: ҳирс ва ғалати муҳокимот…”
Худи далели шакк овардан ба пешравии дину диндорӣ ва озодии дин дар Тоҷикистон аз ноогоҳии муаллифи ин барнома дарак медиҳад. Кас дар ҳайрат мемонад, ки бо кадомин асос бе таҳқиқу далел  ҳамин тавр шаккокона сухан нисбат ба як давлати ободу пешрафт  гуфтан мумкин бошад. 
 Тайи солҳои охир ба хотири ба эътидол даровардани авзои иҷтимоиву фарҳангӣ ва ахлоқӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар мавриди дин  ва  расму оинҳо, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон як силсила чорабиниҳои муҳим андешида шуда, қонуну санадҳои ҳаётан муҳим ба тасвиб расиданд. Албатта, ин ҳама нишонаи ҷомеаи озод аст ва онро мо комилан ба ҳайси як падидаи муқаррарӣ қабул дорем, вале боиси таассуф аст, ки баъзе шаҳрвандони мамлакат ношукрӣ аз тинҷию ободию оромии Тоҷикистон карда, бо мақсадҳои ноором кардани ҷомеа ва ғаразҳои шуми худ хабарҳои бардурӯғе ба шабакаҳои телевизионии байналмилалӣ мерасонанд. Ин хабарҳои дасисаангезу бардурӯғро иддае аз уламои кишварҳои хориҷӣ низ носанҷида, нисбат ба дину диндории Тоҷикистон изҳори норозигӣ карда, нуқсону норасоиҳоеро ба сиёсати давлатӣ ва вазъи динии кишвари мо таҳмил карданд, ки дар асл ба воқеият наздикӣ надоранд. 
Боиси таассуф аст, ки чунин иттилооти шикастаро душманони миллати тоҷик то ба чунин шабакаҳои телевизионӣ расонидаанд. Онҳое, ки ба чунин шабакаҳои телевизионӣ  чунин иттилооти бардурӯғе пешниҳод кардаанд,  ба эътиқод ва имондории мардуми Тоҷикистон ва сиёсати  он дар соҳаи дин тӯҳмат ҳам  задаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки мардуми Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба нокомӣ дучор гардида, дар натиҷаи изҳори андешаҳои ихтилофангез самараи талхи онро дар ҳаёт чашида буданд. Пас, бояд андеша ва тафаккури солимро ба кор барем, то дигарбора ба он бадбахтиҳову нокомиҳо гирифтор нашавем. Аз ин рӯ, тавре ки Пайғамбари гиромии ислом (с) дар як ҳадиси муборакашон мефармоянд: «Мӯъмин аз як сӯрох ду бор газида намешавад». Дар ғайри ин сурат, насли оянда ин хатои моро ҳаргиз намебахшад. Чун оид ба масъалае сухан гуфтан хоҳем, бояд перомуни он биандешем ва нафъу зарари онро дар мизони хирад баркашем, то ки ба ҷомеа зиёне нарасонем. Дар иртибот ба ин нукта Абдулқодири Бедил бамаврид фармудааст: 
Сухан санҷида гӯй, то дӯстро душман нагардонӣ,
                      Зи ҳарфи бетааммул ошно бегона мегардад.
Ё ба қавли Саъдии бузургвор: «Андеша кардан, ки чӣ гӯям, беҳ аз пушаймонӣ хӯрдан, ки чаро гуфтам». Ҳадафи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи тозаистиқлоли мо ҳамраъйӣ, ҳамфикрӣ, осудагӣ ва оромиши мардуми кишвар аст. Воқеан имрӯз мардуми Тоҷикистон роҳи дурусти зиндагиро интихоб кардааст. Пас, биёед дастаҷамъона дар ободию пешравии ҷомеа саҳми муносиб гузошта, сулҳу суботу фазои ороми онро халалдор насозем. Ҳамчунин аз бародароне, ки дар шабакаҳои телевизионии байналмилалӣ баромад мекунанд, хоҳиш мешавад, ки ба муҳокимаи ғалат роҳ надиҳанд. Воқеан, аслиҳаи наҷоти мо дар ҳама давру замон ҳамоно ақлу хиради солим ва рафтори солеҳамон буду хоҳад монд.
Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боварии комил гуфта метавонад, ки дар байни кишварҳои мусулмоннишин шояд давлатеро натавон ёфт, ки дар он ислом бо чунин пешрафт тараққӣ ва нумӯъ карда истода бошад ва мусулмонон тамоми ибодат ва маросимҳои динии худро дар як фазои орому осуда анҷом дода истода бошанд.
Инҷониб аз Шумо, роҳбарони барномаи телевизионии «Висоли ҳақ» бо арзи эҳтиром даъват ба амал меорам, ки ба Тоҷикистон бо дидаи ғаразноки дигарон нанигариста, балки боре ба Тоҷикистон лутфан ташриф фармоед, то ин ки вазъи имрӯзаи онро бо чашмони худ бубинед ва роҷеъ ба рушди ислом ва тоату ибодати мардуми ин сарзамин дониши айналяқин ҳосил намоед. 
 
  Раёсати Шӯрои уламои 
Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
 

Апрель 27, 2015 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид