Ғофил манишин …
Душанбе, 7.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Беш аз 80 нафар касбомӯз, ки аз оилаҳои ниёзманданд, нуҳӯмин давраи омӯзиши ихтисосҳои дӯзандагӣ, компютерӣ ва муҳосиботро дар Филиали Маркази таълимии калонсолон дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе хатм карда, соҳиби шаходатнома гардиданд.
Дар маросими супоридани шаҳодатнома ба хатмкунандагони курсҳои омӯзишӣ раиси Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон Саидмаҳдӣ Ибодӣ ва раиси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Асомиддин Насриддинов ширкат намуда, ба хатмкунандагони давраи омӯзишӣ дар ҷодаи касбомӯзӣ комёбӣ таманно намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Маркази таълимии мазкур моҳи июни соли 2013 дар ҳамкорӣ бо Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ созмон дода шуда, то ин вақт беш аз 800 нафар касбомӯз аз рӯи ихтисосҳои дӯзандагӣ, компютерӣ ва муҳосибот ин марказро хатм намудааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






