Қадрдонии се олими кишвар бо Ҷоизаи олимони барҷаста
Душанбе, 14.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).- «Олимони АИ ҶТ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро аз рӯи 60 мавзӯи бунёдӣ ва 45 мавзӯи амалӣ идома дода, дар соҳаҳои мухталифи илм-математика, физика, астрофизика, зилзиласанҷӣ, геология, гидроэнергетика натиҷаҳои назарраси илмӣ ба даст оварданд». Ин нукта имрӯз, 14 апрел зимни баргузории «Рӯзи илм» дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд.
Ба иттилои Фарҳод Раҳимӣ-Президенти Академияи илмҳои кишвар дар се моҳи аввали соли 2015 аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АИ Тоҷикистон 207 кори илмӣ, аз ҷумла 15 китобу монография ва 192 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмии Тоҷикистон, кишварҳои ИДМ, ва давлатҳои хориҷи дур ба табъ расидаанд. «Натиҷаҳои илмие, ки олимони Академияи илмҳо, академияи соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ба даст овардаанд, аз устувор шудани мавқеъ ва нуфузи илм ва нақши он дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳанд»,-афзуд Фарҳод Раҳимӣ.
Дар маросими ҷоизасупорӣ Ҷоизаи ба номи академик Султон Умаров дар соҳаи илм ва техника ба силсилаи мақолаҳои Иззатулло Ғаниев-академики АИ Тоҷикистон дар мавзӯи «Хосиятҳои физикавӣ ва химиявии хӯлаҳои нави алюминий, рӯҳ, сурб ва ҷустуҷӯи ҷабҳаҳои истифодаи онҳо дар хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд. Ҳамчунин Ҷоизаи ба номи академик Евгений Никанорович Павловский дар соҳаи илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ ба силсилаи корҳои узви вобастаи АИ ҶТ Тошпулод Гулмуродов дар мавзӯи «Бемории дил ва рагҳо» супорида шуда, ба Ҷоизаи ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ силсилаи корҳои илмии генерал Ҷӯрахон Маҷидзода дар мавзӯи «Давлатдории миллӣ ва мубориза ба ҷиноятҳои муташаккилона » сазовор гашт.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






