Қатъи ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Лермонтов ба муддати се моҳ
Душанбе, 23.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шурӯъ аз 25 апрел то 25 июли соли равон ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди кӯчаи Лермонтов аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то хиёбони Саъдии Шерозӣ қатъ мешавад.
Ҳадаф аз қатъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мазкур гузаронидани корҳои сохтмонӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар иншооти «Сохтмони обпарто, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ — зери кӯпруки роҳи оҳан» арзёбӣ мегардад.
Дар иртибот ба ин шаҳрдории Душанбе қарор ба тасвиб расонд, ки тибқи он шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии кишварро дар пойтахт вазифадор намудааст, ки ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат ва амнияти шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас андешад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






