Ҳалокати шаҳрвандон дар садамаи нақлиётӣ

Апрель 13, 2015 14:56

Душанбе, 13.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз ронандаи 19-солаи мошини тамғаи Chevrolet Optra , сокини шаҳри Сарбанд, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Сарбанд ба самти шаҳри Қурғонтеппа, дар ҳудуди ноҳияи Бохтар, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, марди велосипедрони 46-солаи сокини ноҳияи Бохтарро пахш намудааст. Тибқи иттилои ВКД ҶТ, велосипедрон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.Инчунин дар ин рӯз, ронандаи 23-солаи мошини тамғаи Toyota Runner, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Тавилдара дар ҳудуди деҳаи Шоҳи ноҳияи Нуробод аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба чуқурии 49 метр чапа шудааст. Дар натиҷа мусофирони мошини мазкур: як зани 56-сола ва як духтари 16-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидаанд. Худи ронанда ва се мусофир- сокинони ноҳияи Тавилдара ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.

Апрель 13, 2015 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст