Ҳамкории милиса бо аҳли ҷамъият

Апрель 29, 2015 10:57

Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас  Темурзода ).- Вазорати  корҳои дохилии  Тоҷикистон  зимни  ҳамкорӣ  бо  дафтари САҲА  дар  Тоҷикистон  ва  дастгирии  сафорати  ИМА  дар  ҶТ   аз  27  то  29  апрел  мизи  мудаввар  дар  мавзӯи  «Ҳамкории  милиса ва  аҳли  ҷамъият :  кор бо  Шӯроҳои  ҷамъиятӣ ва  ВАО»  доир  менамояд.
Назар  ба  иттилои  ВКД ҶТ,  дар  кори  мизи  мудаввар  кормандони  милиса,  масъулини  ташкили  хамкорӣ  бо  аҳли  ҷамъият,  аъзои Шӯроҳои  ҷамъиятии  мусоидати ҷомеаи  шаҳрвандӣ  ба  ислоҳоти  милисаи  назди  ВКД ҶТ,   намояндагони  раёсатҳои  ВКД воқеъ  дар  ҳамаи  вилоятҳои ҷумҳурӣ,   ҳамчунин  коршиносони  байналмилалии Ирландияи  Шимолӣ,  Русия  ва  Қирғизистон  иштирок  доранд.
Дар  мизи  мудаввар  коршиносони  ҷаҳон  дар  бораи  лоиҳаи  «Ибтикороти  амнияти  ҷамъиятӣ» — и САҲА  дар  Қирғизистон, ки  охири  моҳи  январи соли  2011  дар  ҳудуди   вилояти  Ӯш  рӯи  кор  оварда шуда буд,  нақл  карда,  иштирокдорони  мизи  мудавварро бо  усули   навтарини  ҷалби  шаҳрвандон  дар  амри  таъмини  амнияти  ҷамъиятӣ  шинос  намуданд.
Дар  ҷараёни  ин  чорабинӣ  самтҳои  асосии  ислоҳоти  милисаи  Тоҷикистон, ки  манзураш  рӯи кор овардани  муносибатҳои  ҳамкорӣ  бо ҷомеаи  шаҳрвандӣ, эҳёи  боварии аҳли  ҷамъият ва аҳолӣ  ба милиса мебошад,  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.

Апрель 29, 2015 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад