Ҳар ҷавон бояд бохабар бошад

Апрель 1, 2015 13:35

Душанбе, 1.04.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Тибқи нақшаи муштараки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 март  дар хобгоҳҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар байни донишҷӯён мулоқот баргузор гардид.
Иштирокдорони чорабинӣ ҷавононро барои  таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, боло рафтани эҳсоси арҷу эҳтиром ба муқаддасот, арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ва Ваҳдати миллӣ даъват намуданд.
Ҳамзамон ҷиҳати пешгирии гароиши наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоии динӣ ва мазҳабӣ ҷавонони гумроҳшуда, ки ба доми фиреб дучор шуда дар амалиёти ҷангии Сурия фавтидаанд, ибрози назар намуданд.
Аз ҷумла, дар доираи вохӯрӣ дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои  баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию сиёсии занону духтарон, таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, боло рафтани эҳсоси арҷу эҳтиром ба муқаддасот ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, пешгирии никоҳҳои хешутаборӣ, вайроншавии оилаҳо, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии касалиҳои сирояткунанда баррасӣ гаштанд.

Апрель 1, 2015 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад