Ҷаласаи Кумитаи интизоми ФФТ доир шуд

Апрель 24, 2015 14:36

Душанбе,24.04.2015. (АМИТ ”Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- 23- юми апрел дар конфронс- толори Федератсияи футболи мамлакат ҷаласаи Кумитаи интизомӣ таҳти раёсати раиси кумита Тоҳир Нуров доир шуд. 
Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, барои риоя накардани банди 26- и боби 7- и Кодекси интизоми ФФТ, ки қасдан дағалона бозӣ карданро баён мекунад, бозингари дастаи «Парвоз» Дилшод Додобоев дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Парвоз» — «Хуҷанд» (18- уми апрел), дар ҳаҷми 300 сомонӣ ҷарима баста шуда, аз ҳуқуқи иштирок  дар ду бозии навбатӣ маҳрум мешавад.
Барои риоя накардани банди 21- и боби 7- и Кодекси интизоми ФФТ, ки рафтори бадқасдонаро баён мекунад, бозингари дастаи «Регар- ТадАз» Музаффар Сироҷиддинов дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Регар-ТадАз» — «Равшан» (11- уми апрел), ба маблағи 200 сомонӣ ҷарима шуда, аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шавад. Барои риоя накардани банди 3- и боби 7- и Кодекси интизоми ФФТ, ки дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шуданро баён мекунад, бозигари дастаи «Вахш»-Қӯрғонтеппа Эҳсони Панҷшанбе дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ КМВА «Помир» — «Вахш» (11- уми апрел), ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима шуда, аз ҳуқуқи иштирок кардан дар як бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.
Барои риоя накардани банди 16- и боби 7- и Кодекси интизоми ФФТ, ки дар бозӣ барои фоли «умеди охирон» бо корти сурх огоҳонида шуданро баён мекунад, бозингари дастаи «Хуҷанд» Ардашер Неъматов дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ «Истиқлол» — «Хуҷанд» (8- уми апрел) аз ҳуқуқи иштирок кардан дар як бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.
Барои риоя накардани банди 32- и боби 7- и Кодекси интизоми ФФТ, ки кӯшиши бо даст зарба задани сардовари бозиро баён мекунад, бозингари дастаи «Хуҷанд» Шероз Рустамзода дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ «Парвоз» — «Хуҷанд» (17- уми апрел) аз ҳуқуқи иштирок кардан дар чор бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.
Барои риоя накардани банди 20- и боби 7- и Кодекси интизоми ФФТ, ки бо суханони қабеҳ таҳқири ёвари сардовари бозиро баён мекунад, бозингари дастаи «Парвоз» Аслан Ҷабборов дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ «Парвоз» — «Хуҷанд» (17- уми апрел) аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.
 
 

Апрель 24, 2015 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид