Ҷавонон, эҳтиёт! Ба доми ифтротгароён наафтед!

Апрель 27, 2015 11:07

Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ванҷ дар маркази ноҳия иқдом таҳти унвони «Ҷавонон, эҳтиёт! Ба доми ифтротгароён наафтед!» -ро баргузор  намуд.
Дар майдони Исмоили Сомонии маркази ноҳия муовини раиси ноҳия  сарпарасти соҳа Хушқадам Холиқов зикр кард, ки бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ иқдоми мазкурро дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир менамоянд.
Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират оид ба таъсири омилҳои берунӣ ҷиҳати ҷалби занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии ин амалҳои номатлуб   сухан гуфтанд.
Дар иқдом 236 нафар ҷавон ва муҳоҷири меҳнатӣ, ки аз Федератсияи Русия баргаштаанд,  иштирок намуд.

Апрель 27, 2015 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад