20 соле, ки пайвандҳои таърихиро эҳё кард
Ба ифтихори 20-умин солгарди муносибатҳои дипломатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт
Мусоҳиба бо Зубайдулло Зубайдов -Сафири фавқулода
ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт
-Муҳтарам Зубайдулло Наҷотович, 20 сол пеш робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт барқарор шуданд. Бигўед, ки таърихи робитаҳои ду кишвар чӣ гуна оғоз шуд ва дар кадом сатҳ қарор дорад?
Давлати Кувайт дар қатори нахустин давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 31 марти соли 1995 барқарор шуданд.
Қобили тазаккур аст, ки нахустин мулоқоти сатҳи олии ду кишвар дар ҷараёни баргузории 7-умин ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ моҳи декабри соли 1994 дар Дорулбайзо (Мағриб) сурат гирифт. Дар ин мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт шайх Ҷобир Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ масъалаҳои роҳандозии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар арсаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамон замон сарони ҳарду кишвар ба густариш ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дорои манфиатҳои муштарак, аз ҷумла муносибатҳо сиёсӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Ба густариши робитаҳои Тоҷикистону Кувайт нахустин сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт 17-19 апрели соли 1995 такони ҷиддӣ бахшид. Таъкид кардан мехоҳам, ки ин аввалин сафари роҳбари давлати мо на танҳо ба Кувайт, балки ба Ҷаҳони Араб буд.
Имрӯз ҳамкориҳои созанда бо Давлати Кувайти ба мо дӯст яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишварамон мебошад ва барои рушду таҳкими онҳо пайваста талош меварзем.
Заминаи аҳдномавию ҳуқуқие, ки то имрўз ташаккул ёфтааст ва муносибатҳои дуҷонибаи моро танзим мегардонад, барои татбиқи стратегияи ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму техника, иттилоот ва ҳамчунин тақвияти муколамаи сиёсии байни ду давлат имконияти мусоидро фароҳам овардаанд.
Бо дастуру раҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мо имрӯз, дар баробари таҳкими равобити сиёсӣ, ҳамчунин ба қисмати иқтисодии муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Кувайт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунем.
-Шумо зикр кардед, ки дар марҳалаи кунунӣ ба тақвияти робитаҳои иқтисодӣ аҳамияти махсус зоҳир мегардад. Кувайт дар кадом бахшҳои иктисоди кишвари мо метавонад ҳузури фаъол дошта бошад?
Дар Тоҷикистон пружаҳои мавриди назар ва ҷолиби диққат хеле зиёд аст. Дар ин маврид сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии гуногуниқтидор, корхонаҳои саноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди минтақаҳои саёҳатию табобатӣ бо истифода аз табиати зебо ва обҳои шифобахшро номбар кардан мумкин аст.
Самти дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи Кувайт қарор дорад, лоиҳаҳои хурду бузурги инфрасохторӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард мебошад. Ҳамаи онҳо дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ буда, аз лиҳози сармоягузорӣ фоидаоваранд. Пружаҳои кишвари мо дар соҳаҳои мазкур мавриди таваҷҷуҳи сармоягузорони Кувайт қарор гирифтаанд ва мо омодаем, ки ҳамагуна иқдомоти созандаи онҳоро дар ин самт дастгирӣ намоем.
Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ байни ду кишвар ҳамчун механизми фаъол барои назорат ва пайгирии татбиқи созишномаҳо ва ташхиси самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба муҳим аст. Интизор меравад, ки ҷаласаи навбатии ин Комиссия дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар Кувайт баргузор мегардад.
-Оё созишномае байни ду кишвар оид ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Кувайт ва истифодаи таҷрибаи онҳо дар назар аст?
Муҳоҷирати меҳнатӣ раванди ҷаҳонӣ аст. Барои ҳифзи ҳуқуқ ва манофеи муҳоҷирони меҳнатӣ дар сатҳи байналмилалӣ даҳҳо санад қабул гардидааст. Дар ин самт барои мо омӯзиши сиёсати Давлати Кувайт ва таҷрибаи ҷалби нерӯи кории хориҷӣ ба кишвар низ хеле судманд аст.
Бовар дорам, ки дар соҳаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ низ ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт мутақобилан судманд густариш хоҳанд ёфт.
-Дар ин марҳила сафорат кадом корҳоро барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба анҷом медиҳад?
-Пеш аз ҳама, бояд бигўям, ки самараи дилхоҳ ба даст овардан аз муносибатҳои дуҷониба кори саҳл нест. Ҳеч як кору амал бидуни гуфтушнидҳо, омўзишҳо ва такопўҳо натиҷаи хуб ба бор нахоҳад овард. Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт низ тамоми кӯшишҳои худро бар он равона намудааст, ки иқтидори бузурге, ки Тоҷикистон ва Кувайт доранд, баҳри ободонию рушди кишвари азизамон Тоҷикистон ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди истифода қарор гирад. Раҳбарияти Давлати Кувайт ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун, пеш аз ҳама дар самти сармоягузории лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётию энергетикӣ, сайёҳӣ, маорифу тандурустӣ ва илму техника алоқамандии воқеии доираҳои мухталифи кишварашро эълом намудааст.
Кувайт ба самти тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи туризм, омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи Кувайт дар рушди ин соҳа алоқамандии зиёд дорад. Теъдоди сайёҳони кувайтӣ барои боздид аз кишвари ҳамешабаҳору куҳистонӣ ва меҳмоннавози Тоҷикистон рӯз то рӯз афзоиш меёбад.
Сафорат чорабиниҳои зиёди фарҳангию иттилоотӣ, аз чумла сафари дастаҳои ҳунарии Точикистонро ба Кувайт ташкил мекунад. Дар ин росто ҳамчунин мулоқоти ширкатҳои саёҳатӣ ва боздидҳои доираҳои иқтисодӣ ва илму адаб аз кишварҳои ҳамдигар мунтазам сурат мегиранд.
Ба шарофати талошҳои пайвастаи сарони ду кишвар барои ҳамкориҳо заминаи мусоид фароҳам шудаанд ва имрӯз дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии кишвари мо ҳузури доираҳои молию иқтисодии Кувайт эҳсос мешавад. Аз ҷумла, Фонди рушди Кувайтӣ яке аз шарикони муҳимми кишвари мо мебошад.
Яке аз ҳадафҳои Сафорат муаррифии кишвар ва ҷалби сармоя ба Тоҷикистон мебошад ва дар ин самт корҳои зиёде тибқи дастуру раҳнамоиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
-Оё Давлати Кувайт низ дар Тоҷикистон намояндагии худро дорад?
-Бале, ҳанўз соли 1998 Давлати Кувайт сафири худ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Аҳмад ал-Миҷрон ар-Румиро ҳамзамон сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуд. Баъдан 3 майи соли 2011 Сафири фавқулода ва мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳаш дар Покистон) Наваф Абдулазиз ал-Энзӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи худро супурд. Ва ў намояндагии ин кишварро то ба ҳол ба дўш дорад.
Банда низ соли 2011, ҳангоми Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исломобод буданам, бо фармони Президенти кишвар сафири ғайримуқимии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, 2 октябри соли 2012 эътимодномаи худро ба Амири Давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ супурдам. 29 декабри соли 2012 ба ҳайси аввалин Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт таъйин гардидам ва 22 январи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар расман ба фаъолият шуруъ намуд.
24 июни соли 2013 дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар расман ифтитоҳ ёфт.
Бо назардошти тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои дуҷониба Ҳукумати Давлати Кувайт низ ба масъалаи ифтитоҳи Сафорати Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд ва бовар дорам, ки намояндагии дипломатии ин кишвар дар Душанбе дар ояндаи наздик боз карда мешавад.
-Дар раванди тақвияти минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба бароятон комёбиҳои беназирро таманно дорам.
-Ташаккур!
Мусоҳиб Сайидои Сайидбурҳон