Баҳси қатли Фархунда дар «Ҷаҳони андеша»

Апрель 9, 2015 15:13

Душанбе,09.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Руқияи Боймамад).-8 апрел  дар Академияи илмҳои ҶТ маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар мавзӯи «Марги даҳшатбори Фархунда дар Афғонистон ва ҷаҳолати таасубангез» доир  гардид, ки дар он олимони Академия, коршиносон ва рӯзноманигорон ширкат доштанд.  Дар нишаст коршиносон оид ба қатли бераҳмона нисбат ба духтари 27-солае, ки худ дар талоши илм буд ва илми дунявӣ ва диниро хуб медонист,  маърӯзаҳо омода карданд. 
Дар нишаст зикр гардид, гӯё Фархунда  бо иттиҳоми сӯзонидани Қуръон ба чанголи хурофотпарастони дур  аз илму маърифат ва раҳму шафқат меафтад, ки наздик ба масчиди «Шоҳи ду шамшера», воқеъ  дар маркази Кобул ба иттифоқ афтодааст, ва он ҷаҳонеро ба такон овард. Вале дар асл ӯ на Қуръонсӯзӣ кардаасту на касеро таҳқир намудааст. Адибаи Азиз,  шоираи тоҷик зимни суханҳояш гуфт: «Фархунда дар ҷараёни ин ҳодисаи  нагин, талошҳои зиёде кардааст, ки бегуноҳии худро собит созад, вале ба доду фарёди ҷонхароши ӯ ҳатто кормандони пулис нарасидаанд, ки ҳамагӣ аз ҷойи ҳодиса понздаҳ,  бист дақиқа фосила дошт,  ҳоло он ки ин шиканҷа ду соат идома ёфт. Аҳсан ба занони бедордил  ва шуҷоу сарбаланди афғон, ки тобуташро бо дастонашон ба хок супориданд».
Номвар Қурбонов, корманди Маркази равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИҶТ, аз қазияи ин духтари афғон ёдовар шуда, гуфт, ин амали тӯдаи мардон дар Афғонистон як кори ваҳшиёна буд. «Нигаронии мо имрӯз он аст, то кишварҳои абарқудрат, сабабҳо ва омилҳои асосии ин зӯровариро омӯхта бароянд. Вақте тафтиш кардаанд, Фархунда қуръонсӯзӣ накардааст ва як зани порсо ва олима будаву ибодати Худоро мекардааст ». 
Шодӣ Атоӣ, узви маҳфили “Ҷаҳони андеша” гуфт, ҳадафи аслии ба баҳс кашидани сарнавишти талхи Фархунда, огоҳ кардани мардум дар баробари эҳтимоли ҳамин гуна хатарҳо, яъне таассуби диниву ноогоҳӣ ва ҷаҳолат дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. 
Ҳофиз Бобоёров– директори маркази АИҶТ дар робита ба ин ҳодисаи даҳшатбор гуфт, ки имрӯз вазифаи мо ҳукм кардан, маҳкум кардан нест, балки савол гузоштан ва дар зеҳнҳо, дар андешаҳо саволеро бедор кардан аст,  ки чаро чунин мекунем. Аз нуқтаи назари равоншиносӣ ё ин ки антропологӣ ин падидаро маросими нест кардан номидам, ки 50 кас Фархундаро бо сангу чӯбу  лату кӯби пой нест карданд. 
Ба назари бархе аз коршиносон ин ҳодисаи нанговар то дер дар қалби мардум хоҳад монд. Табармусулмононе, ки дур аз илму маърифатанд қодир ҳастанд , ки сӯи модари худ, хоҳари худ, ҳамшираи худ дастаҷамъона, бо иғвои як ришдори кӯрсавод мушту лагад бардоранд, ӯро ба қатл расонанд ва ҳам мурдаашро сӯзонанд.
Бояд гуфт, ҷомеаи мадании Афғонистон ба ин амал вокуниши тунд нишон дода, тайи чанд ҳафтаи охир дар тамоми вилоятҳои ин кишвар роҳпаймоиҳо идома доранд.
Тибқи иттилои пулиси Афғонистон инчунин 15 маъмури пулис ба хотири нокомӣ дар ҷилавгирӣ аз ин қатл аз кор озод шудаанд.
Нурулҳақ Улумӣ, вазири умури дохилии Афғонистон, ки дар робита ба ин қазия 23-юми март ба Маҷлиси намояндагон даъват гардид, изҳор доштааст, ки таҳқиқоти онҳо муайян кардааст, ки иттиҳоми Қуръонсӯзии Фархунда нодуруст аст.
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Апрель 9, 2015 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд