Барқияи шодбошии Амири Давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба Президенти Тоҷикистон
Амири Давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст:«Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ РаҳмонПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистони дӯстБо арзи дуруду паём…Бо сипоси беандоза номаи ҳуҷастаи Шуморо, ки зимни он моро ба муносибати 20 солагии барпо шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намудед, қабул кардам.Бо изҳори ташаккури самимӣ ба Шумо барои таманниёти некатон мо низ Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба ин муносибати фархунда табрику таҳният мегӯем ва ҳамзамон аз муносибатҳои неки дуҷонибаи ду кишвари дӯст, ки онро рӯҳияи ҳамдигарфаҳмиву қадршиносиву эҳтироми мутақобила фарогир аст, меболем. Мо талоши бардавом ва муштараки худро баҳри таҳкими ин равобит ва тавсеаи зарфиятҳои ҳамкории муштарак байни ду кишвар ба самтҳои фарохтар, ки дар хидмати манфиатҳои мутақобила хоҳад буд, таъкид менамоем.Бо беҳтарин таманниёт, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, камоли сиҳҳатмандиву хушбахтӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми дӯсти он пешрафту шукуфоии комил ва ба муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои дӯстамон густаришу нумӯи беш аз пешро орзумандем.Ҷаноби Олӣ, сипоси самимии моро бипазиред».








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






