Баррасии масоили мубрам аз ҷониби мутахассисон
Душанбе, 13.04.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон шудани соли 2015 соли оила 7 апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбари бахши бонувон ва донишҷӯдухтарони ДДТТ Ҷамила Ғафурова мизи мудаввар доир гардид. Ҷамила Ғафурова дар мавзӯи «Паём-дастур, раҳнамо, зиндагиномаи миллат» маърӯзаи пурмӯҳтаво намуд.Зикр гардид, ки имрӯз шумораи заноне, ки ба кори илмӣ машғуланд, дар АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба солҳои пеш назаррас аст. Шумораи занҳои унвондор, номзадҳои фан 612 нафарро ташкил медиҳад ва ин шаҳодати он аст, ки илм дар ҳаёти зани тоҷик ба таври васеъ реша давондааст ва имрӯз зани тоҷик дар талоши он аст, ки паҳлӯҳои мухталифи илми муосирро мавриди таҳқиқ қарор диҳад.Сармутахассиси шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмиллалии Кумитаи кор бо занон ва оила Сабоҳат Мамадалиева аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар назди донишгоҳ бахши бонувон ва донишҷӯдухтарон таъсис ёфтааст ва он, бешубҳа, ба фаъолияту таҳсили бонувон ва донишҷӯдухтарон бо ба роҳ мондани ҳар гуна маҳфилу чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ, озмуну семинарҳои муфид такони дучанд мебахшад. Дар мавриди масъалаҳои мубраме, ки имрӯз доғи ҷомеа гардидаанд, аз қабили сатрпӯшию сиёҳпӯшии занону духтарон, ба фарҳанги бегона рӯ овардани духтарон, тарзи либоспӯшии онҳо, ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил шудани ҷавонписарону ҷавондухтарони мо, коста шудани ахлоқу маданияти ҷавонон, пошхӯрии оилаҳо ҳарф зада, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеаро мо танҳо дар ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ, дастаҷамъӣ, якдиливу якмаромӣ гирифта метавонем.Ҳафтаи гузашта сармутахассиси шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии кумита Сабоҳат Мамадалиева ва муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Мирзоев бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрд.Гуфта шуд, ки устодони донишкада аз ҳисоби занон 9 нафарро ташкил дода, 1226 нафар донишҷӯдухтарон, 534 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 692 нафарашон дар шуъбаи ғоибона таҳсил доранд. Барои 294 нафар таҳсил ройгон буда, 1 нафар маъюб ва 2 нафар ятими кулл аз имтиёзҳои муқарраргардидаи Ҳукумати мамлакат ва донишкада бархурдоранд.








РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!






