«Бавария» ва «Барселона» дар бозии ниманиҳоӣ
Душанбе, 22.04.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон)-Дастаи «Порту»-и Португалия барои баромадан ба вохӯриҳои ниманиҳоии Лигаи чемпионҳо дар вохӯрии дуюм аз дастаи “Бавария” дар Мюнхен шикаст хӯрд. Бояд зикр намуд, ки дар ин вохӯрӣ бозингари дастаи “Бавария” Роберт Ливандовский ду маротиба тӯбро ба ҳадаф расонд, як маротибаи дигар Тяго Алкантара, Жером Боатенг ва Томас Мюллер ташаббус нишон доданд. Дар қисми дуввуми бозӣ дастаҳо сӯйи дарвозаи якдигар 1 тӯбӣ ворид карданд. Ҳамин тариқ, вохӯрӣ 6 бар 1 ба фоидаи дастаи “Бавария” анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дастаи “Порто” дар дидори аввал дастаи “Бавария”-ро бо натиҷаи 3 бар 1 шикаст дод.
Дар вохӯрии дигари ҷавобӣ дастаи “Барселона”-и Испания дастаи “ПСЖ”-и Франсияро дар майдони “Камп — Ноу” шикаст дод. Дар ин бозӣ футболбози бразилиягӣ — Неймар дубл кард. Голи аввалро ӯ бо кумаки Андерс Инйеста ва тӯби дуюмро бо партофти Дани Алвес вориди дарвоза намуд. Баъди ду дидор дастаи «Барселона» бо натиҷаи 5 бар 1 дастаи “Пари Сен-Жермен”-ро шикаст дод ва роҳхати даври ниманиҳоии мусобиқаро ба даст овард.








КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид






