Беш аз се ҳазор қонунвайронкунӣ ошкор гардид

Апрель 29, 2015 11:18

Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳамасола  28 апрел дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии муҳофизати меҳнат таҷлил мешавад. Инчунин Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи озод ин санаро аз соли 1966 инҷониб Рӯзи хотираи фавтидагон ва ҷароҳатбардоштагон қайд менамояд.
28 апрел бо ташаббуси Созмони Байналмилалии Меҳнат аз соли 2003 инҷониб расман Рӯзи ҷаҳонии муҳофизати меҳнат эълон гардидааст.
Тибқи маълумоти Созмони Байналмилалии Меҳнат ҳар сол дар ҷаҳон фавти 2,3 млн. кормандон ба қайд гирифта мешавад, ки аз ин шумора 321000 нафараш мутаассифона, бо сабабҳои ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ба вуҷуд меояд. Сабаби марги 2,2 млн. нафари дигар бемориҳои касбӣ буда, ба ҳисоби миёна дар 1 рӯз аз 5-6 ҳазор нафар нобуд мегарданд, ки ҳамасола ин рақам то 10 фоиз меафзояд.
Дар аксар вақт сабаби рӯй додани ҳолатҳои фавт ва бемориҳои касбӣ он аст, ки кордиҳандагон ба хотири ба даст овардани даромади бештар қоидаҳои бехатарии меҳнатро сарфи назар мекунанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизати меҳнати кормандон тибқи Коститутсия (Сарқонун), Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат», «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», «Дар бораи саноати бехатарии объектҳои истеҳсолкунандаи хатарафзо», «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» ва  боз як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  амалӣ мегардад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ, паст намудани таваккалҳои касбӣ дар ҷумҳурӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016” ва дар ин замина як зумра қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат ба тасвиб расидаанд. 
Ҷиҳати тақвият бахшидани иҷрои барномаи болозикр вазорат тасмим гирифтааст, ки Гурӯҳи кории доимии байниидоравӣ таъсис диҳад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати риояи меъёр ва тартиби муҳофизати меҳнат аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Маркази давлатии ҷумҳуриявии беҳдоштию эпидемиологии назоратии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назорати давлатӣ оид ба энергетика, Инспексияи давлатии назорат аз болои кори газтозакунӣ ва таҷҳизоти ғуборафкан, Сарраёсати давлатии сӯхторнишонии Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Назорати давлатии хоҷагии кишоварзӣ аз болои вазъи техникии мошинҳо ва таҷҳизоти муассисаҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ  амалӣ мегардад.
Танҳо дар соли 2014 аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолияти 1227 субъекти хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои меҳнат мавриди санҷиш қарор дода шуда, дар натиҷа 3793 қонунвайронкуниҳо ошкор гардид.     Дар давоми соли 2014, 72 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла 31 ҳолати талафоти ҷонӣ, 41 ҳолати он бо захмбардорӣ  анҷом ёфтааст.
Илова бар ин, санҷишҳо нишон медиҳанд, ки ҳангоми ҳисоби  кумакпулиҳо ва ҷубронпулиҳо ба кормандони ҷабрдида ва аъзои оилаҳои онҳо талаботи қонунгузорӣ риоя намешавад.  
Сабабҳои асосии рӯй додани ин қабил ҳодисаҳо дар истеҳсолот пеш аз ҳама дар баъзе аз ташкилоту муассисаҳо мавҷуд набудани мутахассис оид ба техникаи бехатарӣ, нарасидани техникаи махсус ва либосҳои махсус, аз муоинаи тибби нагузаштан, дар ҳолатҳои алоҳида бесалоҳиятии кабули қарор аз ҷониби роҳбарият ва мутахассисон, бетартибӣ ва надонистани талаботи бехатарии гузаронидани корҳо аз ҷониби шахси вобаста,  риоя накардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби корфармо, ба талабот ҷавобгӯй набудани  фаъолияти  Хадамоти ҳифзи меҳнат дар аксарияти  ташкилоту муассисаҳо, ба таври дахлдор таъмин накардани бехатарии меҳнат ва ба ин мақсад маблағгузорӣ накардани он  маҳсуб меёбад.
Ташкилоти байналмилалии меҳнат соли 2015-ро соли «Ташкил кардани тадбирҳои маданияти пешгирикунанда дар соҳаи ҳифзи меҳнат» эълон намудааст. Аз ин рӯ  вазорат дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, вазорату идораҳо,  корфармоён, мақомоти дахлдори назоратӣ, ҷиҳати пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш чораҷӯӣ намуда, давлатиро дар ин самт дар амал татбиқ менамояд.
 
 
 

Апрель 29, 2015 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд