Биноҳои ҷузъу томи махсуси ВКД мавриди истифода қарор гирифтанд
Душанбе, 01.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 30 март дар шаҳри Душанбе бо иштироки вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Рамазон Ҳамро биноҳои нави ҷузъу томи махсуси ВКД ҶТ оид ба таъмини амнияти ҷамъиятӣ дар хатсайри Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр, ҳамчунин шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД мавриди истифода қарор гирифтанд.
Роҳбари ВКД бо шароити хидмати кормандони ҷузъу томи махсуси иншоотҳои зикршуда шинос шуда, аз қисмҳои навбатдорӣ, утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳ, биноҳои маишӣ ва ҳайати шахсӣ дидор карда, бо ҳайати шахсӣ суҳбат намуд.
Қобили зикр аст, ки биноҳои зикршуда бо услуби имрӯза бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шудаанд.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, иншоотҳои нав бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Ҳукумати кишвар бунёд шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






