Боздиди ҳайати вилояти Синзян-Уйғури Чин аз Суғд
Хуҷанд, 21.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Ҷиҳати шинос шудан бо фаъолият ва пешбурди соҳаҳои мухталиф, инчунин ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дар ин замина тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн ба вилояти Суғд ҳайати намояндагӣ таҳти роҳбарии Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии мардумии Чин, котиби якуми ҳизб дар ноҳияи мухтори Синзян — Уйғури ин кишвар бо ҳайати расмӣ ташриф овард. Тавре ки аз маркази матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд, ҳайати меҳмонон аз толори навбунёди “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”, ки бо тарҳи меъморию кандакорӣ бунёд шудааст, боздид ба амал овард. Сипас дар толори мазкур мулоқоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва роҳбари Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии мардумии Чин, котиби якуми ҳизб дар ноҳияи мухтори Синзян — Уйғур Чжан Чунсян доир гашт. Зимни суҳбат ҷонибҳо изҳор доштанд, ки солҳои охир ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин пайваста густариш меёбанд.
Баъдан мулоқоти васеи ҳайатҳои дуҷониба дар “Осоишгоҳи Баҳористон” сурат гирифта, дар он масоили гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва энергетикиву соҳаи кӯҳкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар идомаи сафари худ ба шимоли кишвар ҳайати намояндагони Ҷумҳурии мардумии Чин бо табиати зебои Баҳри тоҷик, мавзеи Сомғор ва нақшаи генералии шаҳраки навбунёди Сайҳун, корхонаи Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин, Қасри таърихиву фарҳангии Арбоб, ки солҳои 1951-1957 бунёд ёфтааст, хонаводаи як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шуғли кишоварзии ин оила ва боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ шиносоӣ пайдо карданд.








РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!






