Боздиди ҳайати вилояти Синзян-Уйғури Чин аз Суғд

Апрель 21, 2015 08:53

 
 Хуҷанд, 21.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Ҷиҳати  шинос шудан бо фаъолият ва пешбурди соҳаҳои мухталиф, инчунин ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дар ин замина тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн ба вилояти Суғд ҳайати намояндагӣ таҳти роҳбарии Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии мардумии Чин, котиби якуми ҳизб дар ноҳияи мухтори Синзян — Уйғури ин кишвар бо ҳайати расмӣ ташриф овард. Тавре ки аз маркази матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд, ҳайати меҳмонон аз толори навбунёди “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”, ки бо тарҳи меъморию кандакорӣ бунёд шудааст, боздид ба амал овард. Сипас дар толори мазкур мулоқоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва роҳбари Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии мардумии Чин, котиби якуми ҳизб дар ноҳияи мухтори Синзян — Уйғур Чжан Чунсян доир гашт. Зимни суҳбат ҷонибҳо изҳор доштанд, ки солҳои охир ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин пайваста густариш меёбанд. 
Баъдан мулоқоти васеи ҳайатҳои дуҷониба дар “Осоишгоҳи Баҳористон” сурат гирифта, дар он масоили гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва энергетикиву соҳаи кӯҳкорӣ мавриди  баррасӣ қарор гирифтанд. Дар идомаи сафари худ ба шимоли кишвар ҳайати намояндагони Ҷумҳурии мардумии Чин бо табиати зебои Баҳри тоҷик, мавзеи Сомғор ва нақшаи генералии шаҳраки навбунёди Сайҳун, корхонаи Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин, Қасри таърихиву фарҳангии Арбоб, ки солҳои 1951-1957 бунёд ёфтааст, хонаводаи як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шуғли кишоварзии ин оила ва боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ шиносоӣ пайдо карданд. 

 

Апрель 21, 2015 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад