Боздиди Азим Иброҳим аз корхонаҳои саноатӣ
Душанбе, 25.04.2015. (АМИТ «Ховар»). — Сафарҳои кории муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷиҳати рушд ва дастгирии корхонаҳои саноатӣ дар минтақаҳои кишвар идома дорад. 24 апели соли 2015 дар бошишгоҳи мувақатии Ширкати «19-ум»-и роҳи оҳансозии Ҷумҳурии Халқии Хитой воқеъ дар ноҳияи Ёвон ҷаласаи навбатии кории муовини Сарвазир бо роҳбарияти ин ширкат ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баргузор гардид. Роҳбари намояндагии Ширкати «19-ум» иттилоъ дод, ки корҳои сохтмонӣ бовусъат идома дошта, техника ва таҷҳизоти муосир барои вусъат бахшидани корҳо ворид карда шуд ва аз аввали моҳи май сохтмончиён ба корҳои нақбканӣ шуруъ бояд кунанд. Ёдрас мешавем, ки дар таркиби ин масири 40,7 км роҳ 3 нақб бо дарозии умумии 3775 метр ва 5 пул сохта мешаванд. Муовини Сарвазир аз рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки лоиҳаи мазкур аҳамияти муҳими иқтисодӣ дорад ва бояд дар мўҳлатҳои муқарраргардида сохта шавад. Вобаста ба ин, талаб намуд, ки Нақшаи иҷрои корҳои сохтмониро то сентябри соли 2016 моҳ ба моҳ тасдиқ карда, аз рўи он иҷрои корҳо амалӣ карда шавад. Роҳбарияти намояндагии ширкат дар навбати худ ҷиҳати ҳал намудани якчанд масъалаҳо, ки сади роҳи вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ мегарданд, кўмак пурсид, ки ҳамаи онҳо барои иҷро қабул гардиданд.Дар интиҳои ҷаласа баъд аз табодули афкори тахассусӣ, муовини Сарвазир таъкид дошт, ки бо мақсади вусъат бахшидани корҳои нақбканӣ зарур аст, ки корҳои сохтмонӣ аз ду тарафи нақбҳо дар як вақт оғоз гарданд ва бо назардошти таркиби қишри замини хатсайри муайянгардида ва иқтидори сохтмоние, ки Ширкати «19-ум» дорад, корҳои нақбканӣ дар як моҳ бояд аз 80 метр (аз ҳар тараф 40м) зиёдтар анҷом ёбанд. Инчунин дар ин давом иҷрои баъзе корҳои сохтмониро ҳамзамон анҷом додан имкон дорад. Бо чунин реҷаи корӣ дар мўҳлати муайянгадида сохтмони ин иншоотро ба охир расонидан имкон дорад. Ҳамонрӯз муовини Сарвазир аз минтақаи сохтмонии маҷмӯи корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли Криолит, Кислотаи сулфат ва Фториди алюминий дар ноҳияи Ёвон дидан намуд. Тибқи иттилои масъулини Ширкати Талко қаблан корҳои сохтмонӣ дар ҳаҷми 37 миллион доллари ИМА иҷро гардида буданд ва айни замон омодагӣ ҷиҳати дубора оғоз бахшидани корҳо дар ин минтақаи саноатӣ бо ҷалби ширкати хитоии «CHМC» идома дорад. Муовини Сарвазир баъди азназаргузаронии ҳолати кор дар мавзеъҳои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ бо изҳори таасуф вазъиятро қаноатбахш баҳодиҳӣ накарда, ба масъулин дастурҳои мушаххас дод. Вай аз ҷумла гуфт, ки барои гирифтани қисми аввали қарз, дар кўтоҳтарин мўҳлат тамоми ўҳдадориҳои тарафи точикистониро дар назди шарикони ҳамкор иҷро намоянд. Илова бар ин, муҳим аст, ки дар мувофиқа бо шарикони ҳамкор Нақшаи иҷрои корҳоро моҳ ба моҳ таҳия ва тасдиқ намуда, корҳои сохтмониро аз рўи он ба роҳ монанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






