Бунёди коргоҳи коркарди санг аз ҷониби ширкати эронӣ
Хуҷанд, 10.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳри Хуҷанд боз як коргоҳи коркарди сангҳои қимматбаҳо бунёд хоҳад шуд, ки ташаббускори он ширкати эронии “Ҷобири Собир” мебошад.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари маркази иттилооти мақомоти шаҳри Хуҷанд Маҳмудҷон Муҳаммадӣ хабар дод, дирӯз зимни мулоқот бо соҳибкорони эронӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода бо таъкиди он, ки шаҳри Хуҷанд яке аз марказҳои саноатии кишвар ба ҳисоб рафта, дорои заминаҳои мусоиди таъсиси корхонаҳои гуногуни хурду миёна, аз ҷумла коркарди сангҳои қимматбаҳо ва маъданҳои табиист, ҳамзамон омодагии мақомоти маҳаллиро баҳри оғози фаъолияти коргоҳи мазкур изҳор дошта, ба роҳбарони воҳидҳои дахлдори мақомот супориш дод, барои то интиҳои соли равон ба фаъолият шурӯъ намудани коргоҳи мазкур мусоидат намоянд.
Ширкати коркарди санги «Ҷобири Собир» аз соли 2006 инҷониб дар кишвар фаъолият дошта, нақша дорад дар шаҳри Хуҷанд низ як коргоҳи нави коркарди сангро ифтитоҳ намояд. Бо ин мақсад харидории таҷҳизоти муосир ба маблағи 500 ҳазор доллари ИМА бо таъсиси ҷойи корӣ барои 100 нафар пешбинӣ гаштааст. Баҳри фаъолияти пурсамари корхона мутахассисони баландихтисос аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷалб шудаанд, ки барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат мусоидат менамояд. Ширкати мазкур маҳсулоти худро аз конҳои кӯҳии ноҳияи Истравшан, Мастчоҳ ва дигар минтақаҳои вилоят то шакли нимкоркард омода намуда, баъдан дар коргоҳ дар Хуҷанд омода ва истеҳсол менамоянд. Маҳсулоти асосии коргоҳро сангҳои ороишии сохтмонӣ, рӯйпӯши сангии роҳрав, сутунпояҳо, армуғонҳои хотиравӣ аз санг ташкил хоҳанд дод.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






