Дар Хуҷанд боз як кӯшиши худкушӣ ҷилавгирӣ шуд

Апрель 29, 2015 10:56

Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас  Темурзода).- Корманди  милиса  дар  ҳудуди  шаҳри  Хуҷанд  кӯшиши  худкуширо  ҷилавгирӣ  намуд. 
Мувофиқи  маълумоти  ВКД ҶТ,  25  апрел  тахминан   соати  10:00 толибаи  16 — солаи  синфи  10 — уми  яке  аз мактаб — гимназияҳои  шаҳри  Хуҷанд  бо  мақсади  худкушӣ  худро аз  купрук  ба  Сирдарё  ҳаво  дод.
Корманди  шуъбаи  корҳои дохилии   шаҳри  Хуҷанд сержанти  милиса  Алишер  Шарифов, ки  сӯи  дафтари  кориаш  мерафт,  аз ин  ҳодиса  дарак  ёфта, духтари ғарқшударо  аз  об берун  карда, ӯро  аз  худкушӣ  наҷот дод.

Апрель 29, 2015 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст